Ссылки доступа

Узбекистон мумкин аст, ба бозори умумии энержии Иттиҳоди иқтисодӣ пайвандад


Мақомоти Узбекистон имконоти пайвастан ба бозори умумии энержии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро (ИИАО) баррасӣ доранд.

Аз маркази матбуотии вазорати энержии Узбекистон хабар доданд, ки департаменти энержии ИИАО бартариҳои ин бозорро барои вазорати энержии Узбекистон муаррифӣ кардааст.

Вазорат бо намояндагони ИИАО имконияти пайвастани Узбекистонро ба ин бозор баррасӣ кардааст.

Рӯзи 11 декабри соли 2020 Узбекистон ба ин созмони таҳти роҳбарии Русия ба ҳайси кишвари нозир шомил шуд. Ба ҷуз аз Русия дар ин созмон Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG