Ссылки доступа

Дар Лос-Анҷелес довталабони ҷоизаи "Оскар"-ро эълон карданд


Имрӯз дар шаҳри Лос-Анҷелес довталабони ҷоизаи “Оскар”, бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо эълон шуданд.

Филмҳои "Белфаст", "Ба боло нигоҳ накунед", "Дюна", "Қудрати саг", ва "Таърихи Вестсайд" барои дарёфти ҷоизаи "Оскар" дар бахши "беҳтарин филм" рақобат хоҳанд кард.

Филми "Боксбалет"-и студияи "Мельница"-и шаҳри Петербурги Русия дар бахши "Беҳтарин филми кутоҳи анниматсинонӣ" пешниҳод шудааст.

"Қудрати саг"-и коргардон Ҷейн Кэмпион дар 12 бахш, "Дюна"-и Дени Вилнёва дар 10 бахш, "Белфаст" ва "Таърихи Вестсайд" дар ҳашт бахш барои дарёфти "Оскар" пешбарӣ шудаанд.

94-умин маросими супурдани ҷоизаи "Оскар" 27 марти соли равон дар Ҳолливуд баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG