Ссылки доступа

HRW аз Қазоқистон даъват дорад, коршиносони байналхалқиро ба таҳқиқи ҳодисаҳои январ роҳ диҳад


Ин созмони байналхалқӣ баъди мулоқоти роҳбараш Кеннет Рот бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ изҳороти мазкурро нашр кард.

Ин дар ҳолест, додситонии кулли Қазоқистон дархости эъломи ному насаби шаҳрвандонеро рад кард, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ дар он кишвар ҷон бохтаанд.

"Додситонии кулли Қазоқистон 15 январ аз кушта шудани 225 кас дар натиҷаи ҳодисаҳои моҳи январ хабар дода буд. Маълумоти иловагӣ дар бораи кушташудаҳо бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноӣ дар ҳоли ҳозир ошкор карда намешавад", - омадааст дар посухи додситонӣ ба дархости раҳбари бунёди "Ар.Рух.Хак" Бахтжан Торегожин, ки онро ӯ 8 феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи бетартибиҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистон 225 кас, аз ҷумла 19 низомӣ кушта шудааст. Мақомот як қисми кушташудаҳоро "ҷангиёни низомӣ" номиданд. Шумори дақиқи сокинони кушташудаи осоишта эълом карда намешавад.

"Ар.Рух.Хак" ва фаъолони маданӣ, ки бо ҷамъоварии иттилоъ машғул ҳастанд, шахсияти 173 қурбонии ҳаводиси январро эълом карданд.

Фаъолони маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки рӯйхати кушташудаҳоро нашр кунанд.

XS
SM
MD
LG