Ссылки доступа

Қирғизистон гуфт, ба баҳс бо ширкати русии "РусГидро" хотима бахшид


Қирғизистон баҳс бо ҷониби Русияро, ки дар робита ба сохтмони силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ ба миён омада буд, ҳал кардааст.

Дар ин бора раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 10 феврал дар як ҳамоиш хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар сатҳи сарвазирон ва вазирони молияи ду кишвар созиш ҳосил шудааст.

"Созиш шуд, ки 37 миллион доллари баҳсӣ миёни ширкати "РусГидро" ва Вазорати энержии мо ҳамчун қарзи дохилӣ сабт шавад. Ин пул буд, ё не, мо аз идомаи таҳқиқи он даст мекашем. Ҳукумат қарзро бар зимма гирифта, "Норини болоӣ"-ро барои сармоягузорон боз мекунад. Дар семоҳаи якуму дувум масъалаи мазкурро ҳал карда, сармоягузоронро мунтазир мешавем", - изҳор дошт Жапаров.

Соли 2012 ҳукумати Русия бо Қирғизистон дар бораи сохтмони неругоҳҳои Қамбарота-1 ва силсиланеругоҳҳои Норини болоӣ шартнома баст. Ин неругоҳҳо аз сӯи ширкати "РусГидро" бояд сохта мешуданд.

Аммо баъди қатъи корҳо дар соли 2015 Қирғизистон якҷониба шартномаро бекор кард. Дар робита ба ин ҷониби Русия талаб кард, ки Қирғизистон бояд 37 миллион доллари харҷшударо баргардонад.

Бишкек гуфт, харҷ аз ҳад зиёд нишон дода шудаанд ва бояд додгоҳи ҳакамӣ меъёри воқеии онро муайян кунад.

XS
SM
MD
LG