Дар хабари расмӣ омадааст, ки бинои нав бо харҷи 83 млн доллар сохта шудааст. Соли гузашта хатти нишасту парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ аз нав сохта шуда буд.
Бино нави фурудгоҳ дар шакли китоби боз сохта шудааст, ки рамзи китоби Мирзо Улуғбек "Зичи ҷадиди Курагонӣ"-ро дорад. Бинои нав зарфияти ба 800 мусофир дар як соат хидматрасониро дорад. Ин бино моҳи март ба истифода дода хоҳад шуд.