Ин гуруҳи муҳоҷирон дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, 10 феврали соли равон аз дасти корфармои худ дар Смоленск фирор карда, ба шаҳри Москва рафтаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони радио, дар корхонаи моҳии шаҳри Вязмаи Смоленск ҳудуди 30 корманди дигар - муҳоҷирони узбекистонӣ низ ба кумак ниёз доранд.
"Мо дар асоси қарордод ба Русия омадаем. Корхона бояд моро бо ҷои кор таъмин кунад. Вале вақте корхона уҳдадориҳои худро иҷро намекунаду моро ихроҷ мекунад, мо бояд чӣ кор кунем? Дар ин корхона ҳоло муҳоҷирони зиёди дигаре низ ҳастанд, ки аз Узбекистон ба умеди кор кардан омадаанд", - гуфт яке аз муҳоҷирон бо номи Фаррух.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Узбекистон ахиран гуфт, нақша дорад, ба Русия муҳоҷирони бештарро фиристад.