Ссылки доступа

Боздошти фаъолони қазоқ дар рӯзи ёдоварӣ аз қурбониёни ҳаводиси январ


Пулиси шаҳри Нурсултони Қазоқистон субҳи 13 феврал, рӯзи ёдоварӣ аз қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи ин кишвар хонаҳои аксари фаъолони маданиро иҳота ва бархе аз онҳоро баъди баромадан ба кӯча дастгир кардааст.

Фаъоли мадании маъруфи қазоқ Марат Жиланбоев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони пулис субҳи 13 феврал дар назди дарвозаи манзили зисташ қарор доштанд. Вале ӯ бо мошин аз дарвозаи дигари хонааш баромада, худро ба маҳалли баргузории тазоҳурот, назди бинои шаҳрдорӣ расондааст.

"Ман ба кормандони пулис гуфтам, ки пиёдагардӣ мекунам. Парчамеро, ки дар гарданам ҳамчун гарданбанд (шарф) овезон буд, баланд бардоштам. Дар натиҷа онҳо чун ҳамеша маро дастгир карда, ба шуъбаи пулис бурданд", - изҳор дошт вай.

Жиланбоев афзуда, ки дар шуъбаи пулис ҳамроҳи ӯ як фаъоли мадании дигар бо номи Куат ва як сокини пойтахти Қазоқистон низ буд. Яке аз онҳоро дар роҳ ба маҳалли тазоҳурот ва дувумиро дар назди ёдгории қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ дастгир карданд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбу нооромиҳои моҳи январ 227 нафар, аз ҷумла 19 маъмури интизомӣ кушта шуданд.

Дар ин кишвар тазоҳуроти осоишта, ки рӯзи 2-уми январ ба нишони эътироз аз болоравии қимати маводи сӯхт оғоз ёфт, баъдан ба тазоҳуроти васеи зиддиҳукуматӣ табдил ёфт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди қурбониён дар он рӯзҳо бештар аз он аст, ки ҳукумат мегӯяд.

XS
SM
MD
LG