Ба гуфтаи Байден, низомиҳои Русия ҳанӯз ҳам дар мавзеъҳое қарор доранд, ки барои Украина хатарзо аст. ИМА ақибнишинии неруҳои Русияро аз марзи Украина, ки Вазорати мудофиаи он кишвар рӯзи сешанбе эълом кард, ҳанӯз наметавонад тасдиқ кунад.
Президенти Амрико бори дигар Русияро ба роҳи дипломатия даъват кард. Ӯ дар хитобаш ба мардуми Русия гуфт, ИМА барояшон хатарзо нест ва душмани онҳо низ намебошад. Байден афзуд, ки кишвараш барои ноором сохтани Русия талош намекунад.
Ҷо Байден ёдовар шуд, ки ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ҳампаймон буданд. Ӯ ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украинаро ҷуброннопазир номида, таърихи муштарак ва робитаҳои Украинаву Русияро ёдоварӣ кард. Байден илова кард, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, Амрико ва ҳампаймонҳояш зидди Москва таҳримҳои бесобиқа эълом мекунанд.