Ссылки доступа

Сармуҳаррири "Orda.kz" гуфт, ба хонааш ҳамла шудааст


Сармуҳаррири хабаргузории қазоқии Orda.kz Гулнор Бажкенова иттилоъ дод, ки шаби 16 феврал ду нафари номаълум мехостанд, дари хонаи вайро шикаста, дароянд.

"Ду марди қадбаланди неруманд буданд. Онҳо интизор надоштанд, ки ман дар хона ҳастам. Баъди дидани ман дарро ба рӯям пӯшида, рафтанд", - иттиллоъ додааст рӯзноманигор.

Ба гуфтаи Бажкенова, ин ҳодиса ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро он ду кас баъди нашри матлаби ахираш "пайдо шуданд. Бажкенова мегӯяд, баъди он ки навиштан дар бораи раиси ширкати холдингии “Зерде” Арман Абдрасиловро оғоз кард, кушишҳои тарсонидани ӯву кудакаш низ шуруъ шуданд.

Рӯзноманигор афзуд, ки ин гуна ҳодиса бори нахуст баъди нашри матлабаш дар бораи робитаи раиси ширкат бо Айнур Сергазиева, муовини нави Оҷонс оид ба хадамоти давлатии Қазоқистон рух дода буд.

XS
SM
MD
LG