Бар асоси ин қарор, дар вилоятҳои Тюмену Калужский ва минтақаи Ханти-Мансийски Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, фаъолият дар маконҳои ғизои умум, нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад.
Бино ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Москва, ин қарор ба шаҳрвандони он кишвар дахл надорад. Зеро Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) мебошад ва қисми 2-и банди 97 қарордод дар бораи ИИАО ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои мазкурро ба шаҳрвандони давлатҳои узв манъ мекунад.
Сафорати Қирғизистон аз шаҳрвандони кишвари худ даъват кардааст, ки дар сурати пеш омадани мушкилиҳо дар ин замина ва худдории корфармоён аз қабули онҳо ба кор дар вилоятҳои мазкур метавонанд ба ин ниҳод муроҷиат кунанд.