Ссылки доступа

Дарсеро дар мактабҳои Қазоқистон бекор карданд, ки ҳамсари Назарбоев ҷорӣ карда буд


Вазорати маориф ва илми Қазоқистон аз барномаи ҳатмии мактабӣ дарси "Худшиносӣ"-ро бекор кард, ки Соро - ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев онро ҷорӣ карда буд.

Ин дарс дар тамоми тӯли 11 соли таҳсили мактаби миёна дар Қазоқистон таълим дода мешуд. Ҳамакнун мумкин аст, дарси мазкур ҳамагӣ 1 сол таълим дода шавад, на 11 сол.

Ин дарс дар барномаи ҳатмии мактабӣ, бо ташаббуси Соро Назарбоева, соли 2009 ҷорӣ шуд. Ҳадаф аз он "ташаккули комил, рушди маънавии инсон - шаҳрванди Олам, ки имкон дорад, донишу тавоноии худро амалӣ кунад", номида мешуд.

XS
SM
MD
LG