Ссылки доступа

Киев аз тиркушоӣ дар минтақаи низоъ дар Донбасс хабар дод


Дар Киев гуфтанд, ки бадшавии чашмраси вазъ дар Донбасс, ки баъди нисфишабии 17 феврал мушоҳида шудааст, ба ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ марбут аст, ки рӯзи панҷшанбе баргузор ва ба амалишавии созмшномаи Минск рабт дошт.

Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина гуфт, ки тиркушоӣ иғвои огоҳона аст. Резников афзуд, ҷудоихоҳон бо кӯмаки Русия амал мекунанд. Вазир илова кард, ки Москва бо густариши маъракаи иттилоотӣ мехоҳад, хушунати рӯзафзуни худро нисбати Украина асоснок гардонад.

Ҷудоихоҳони шарқи Украина дар навбати худ мегӯянд, артиши Украина тиркушоиро ҳам дар Донбасс ва ҳам дар Луганск бештар кардаанд.

Ин тиркушоӣ дар ҳолест, ки ИМА ва НАТО гуфтанд, эҳтимол дорад, Русия ба ҳудуди Украина дар чанд рӯзи оянда ҳамла кунад. Бино ба баҳогузории Вашингтон, Русия ба марзҳои Украина 150 ҳазор низомӣ бурдааст.

XS
SM
MD
LG