Ссылки доступа

Блогери қазоқ Наримбойро аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурданд


Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсии қазоқ, ки 6 феврал, баъди баргашт аз шаҳри Киев дар фурудгоҳи шаҳри Алмато дастгир шуда буд, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбаси воқеъ дар маҳаллаи Заречнийи шаҳр интиқол дода шудааст.

Вакили дифои блогер Жанара Балгабаева иттилоъ дод, ки тафтиши парвандаи шахси зери ҳимояаш дар робита ба убури ғайриқонунии марзи давлатии Қазоқистон дар соли 2016 аз сар гирифта шудааст.

"Тафтиш дубора аз сар гирифта шуд. Муфаттишон аз Кумитаи амнияти милли Қазоқистон омадаанд ва онҳо бояд ӯро бозпурсӣ кунанд. Бояд ба Кордай рафта, бубинем, ки вай аз куҷо марзро гузаштааст", - афзуд ӯ.

Наримбойи, ки аз кишвар фирор карда буд, охири моҳи январ дар саҳифаи "Фейсбук"-аш навишт, ба ватан бармегардад, зеро ба "муколамаи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад".

Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Дертар бо шарти берун нашудан аз макони зист раҳо шуд, вале ӯ ҳамон сол кишварро тарк кард. Ҳоло ӯро барои риоя накардани ин банди қонун боздошт кардаанд.

Моҳи январ дар Қазоқистон эътирози хунин пайваст. Пас аз ин эътироз Назарбоев, ки амалан ҳукуматро идора мекард, аз саҳнаи сиёсӣ дур шуд.

XS
SM
MD
LG