Ссылки доступа

"Генплан"-и Душанбе махфист", аммо тарроҳон аз Маскав "ислоҳ" мекунанд (видео)


Мэрия Душанбе засекретила план развития города и не раскрывает, какие здания будут сносить
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:17 0:00

Нақшаи умумии бозсозӣ ё, ба истилоҳ, "Генплан"-и Душанбе дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон баҳсҳоеро ба миён овард.

Рӯзноманигорон аз моҷароҳои зиёди марбут ба он ва камбудҳои зиёди шаҳрсозӣ тибқи ин нақша ёдоварӣ карда, пурсиданд, ки чаро санад дар дастрасии ҳамагон нест, то аз ҷанҷолу камбудиҳо пешгирӣ ба амал ояд. Дар посух раиси меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон нақшаи сохтмони Душанберо як санади махфӣ номид. Ин хулоса суолҳои бештареро ба миён овард.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, рӯзи 4-уми феврал гуфт: "Нақшаи генералӣ ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишин ба ҳисоб меравад. Ин ҳуҷҷати махфӣ мебошад, ки дар ҳама ҷо мумкин нест."

Дар посух ба ин пурсиши хабарнигорон, ки чаро санад махфӣ аст, Маҳмадсаид Зувайдзода гуфт, "агар суоли мушаххасе дошта бошед, онро бидиҳед ва масъулон ба он посух медиҳанд". Вай ҳамзамон мавҷудияти камбудҳоро эътироф кард ва афзуд, барои ислоҳи онҳо, аз ҷумла набудани таваққуфгоҳҳои кофӣ барои мошинҳо, майдончаҳои бозии кӯдакон ва роҳравҳо, муаллифони "Генплан" аз Маскав даъват шудаанд.

Сабаби даъвати лоиҳакашони маскавиро Маҳмадсаид Зувайдзода ба таҳияи ин санад аз тарафи онҳо арзёбӣ кард. Рӯзноманигорон тааҷҷуб карданд, ки нақшаи барои мардуми Тоҷикистон махфиро тарроҳони як кишвари хориҷӣ омода ва акнун таҳрир мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, коршинос Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ҳатто дар замони тоталитарии Шӯравӣ нақшаи бозсозии кулли шаҳри Душанбе дар даҳаи 1960-и қарни гузашта танҳо пас аз машварат бо сокинони шаҳр қабул шуда буд.

Сабаби дастраси мардум набудани "Генплан"-и Душанберо ин низоъшинос чунин шарҳ дод: "Генплан"-и ҳозира пайваста дар ҳоли ислоҳкунӣ аст. Чанд ширкате ҳаст, ки зери таъсири онҳо "Генплан" ҳамеша ислоҳ мешавад. Сабаби дигар шояд ин нукта бошад, ки мақомот аз норозигии мардум ҳарос доранд, зеро дар пайи тахриби маҳаллаҳо сокинони он норозигӣ мекунанд. Гумон мекунам, то ҳол нақшаи мушаххаси "Генплан" вуҷуд ҳам надошта бошад."

Қаблан, Ғафур Шерматов, таърихнигори Душанбе ва узви Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "Генплан" мавриди тиҷорати ширкатҳои сохтмонӣ қарор гирифта, ба он пайваста дигаргунӣ ва иловаҳо ворид карда мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Душанбе худашро “мехӯрад”. Идомаи вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Дар ҳамин ҳол, тибқи "Генплан" сохтмони биноҳои баландошёна дар Душанбе ҳамчунон идома дорад, ки боиси нигаронии сокинони пойтахт шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сохтмони биноҳои баландошёнаи рӯбарӯи ба ҳам наздик интиқод мешавад, ки аз тирезаҳояш метавон бо ҳамдигар суҳбат кард.

Ғафур Иркаев, сокини Душанбе, мегӯяд, ҳоло мафҳуми ба истилоҳ "хатти сурх", яъне масофаи дастикам панҷоҳметрии миёни биноҳо риоя намешавад. "Дар сурати рух додани фоҷиае ин биноҳо боло ҳам мерезанд ва ҳеч яке аз хадамоти наҷот наметавонад, ба имдоди сокинонаш бирасад," – мегӯяд ӯ.

Мақомот ҳамвора тасмими худро дар мавриди сохтмонҳои баландошёна дуруст хонда, баръакс, аз "дигар шудани Душанбе" ситоиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG