Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маркази муҳоҷирати Русияро таъсис доданианд


Раиси порлумони Қирғизистон Талант Мамитов дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар шаҳри Москва пешниҳод кардааст, ки дар шаҳри Бишкек маркази муҳоҷират таъсис дода шавад.

Мамитов дар ин мулоқот ҳамчунин вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони қирғизро дар Русия баъд аз қабули қонуни нав матраҳ ва дархост карда, ки қоидаҳои нав дар нисбати шаҳрвандони Қирғизистон бо назардошти узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё будан бозбинӣ шавад.

"Ҳамчунин аз ҷониби Москва дархост мекунем, то бо дастгирии Бишкек маркази муҳоҷирати Русия дар Қирғизистон таъсис дода шавад, ки ба пайдо кардани ҷойи кор ва сари вақт гузаштани муҳоҷирони қирғизистонӣ аз расмиёти зарурӣ қабл аз вуруд ба Русия мусоидат кунад", - изҳор доштааст Мамитов.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, Володин гуфта, ки дархости мазкур баррасӣ ва ба Думаи давлатӣ пешниҳод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG