Дар ин бора субҳи 22 феврал Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ба далели бисёр будани мошинҳо дар ин гузаргоҳ навбатпоӣ ба миён омадааст. Дар гузаргоҳҳои дигар навбатпойӣ мушоҳида намешавад, гуфтанд дар хадамоти марзбонии Қирғизистон.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Қирғизистон хабар дод, мошинҳои боркаши қирғизистонӣ ҳангоми убури марзи Қазоқистон ба мушкил дучор шудаанд. Ронандагон гуфтанд, кормандони гумруки Қазоқистон дар гузаргоҳҳо ба тафтиши "беасос" даст мезананд.