Ссылки доступа

Дар Олмон мехоҳанд, амволи хонаводаи Назарбоев мусодира шавад (видео)


Депутат в Германии призвал власти конфисковать недвижимость родственников Назарбаева
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:57 0:00

Вакили порлумони Баден-Вюртемберги Олмон Йонас Вебер хост, амволи ғайриманқул, аз ҷумла вилла ва меҳмонхонаҳои марбут ба домод ва духтари президенти пешини Қазоқистон -- Темур Кулибоев ва Динора дар он минтақа мусодира карда шаванд.

Дар муроҷиатномаи расмии Вебер аз сарвазири Баден-Вюртемберг Винфрид Кретчман омадааст, "аз шумо ва ҳукумататон даъват мекунам, ки тамоми чораҳоро, бо шумули мусодираи амвол биандешед, то Баден-Вюртемберг паногоҳи худкомаҳо ва дороиҳои онҳо нашавад".

Ба гуфтаи ӯ, мусодираи амволи ғайриманқули хонаводаи Нурсултон Назарбоев қарз дар назди неруҳои демократихоҳи Қазоқистон низ ҳаст.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Динора ва ҳамсараш Темур Кулибоев дар Олмон қароргоҳи Зеелах, як вила ва ду меҳмонхона ба маблағи 100 миллион евро доранд. Арзиши ин қароргоҳ ба 60 миллион евро расидааст.

Қароргоҳи Зеелах дар асри 19 бунёд шуда, дар гузашта қароргоҳи тобистонаи дипломати рус ва мушовири махфӣ Михаил Хрептович буд.

XS
SM
MD
LG