Ссылки доступа

Ҳайати Узбекистон ҳамкорӣ бо Толибонро дар Кобул баррасӣ кард


Ҳайати расмии Узбекистон бо намояндагони ҳукумати Толибон дар шаҳри Кобули Афғонистон мулоқотеро анҷом додааст. Вазорати сармоягузорӣ ва савдои берунии Узбекистон санаи ин мулоқотро нагуфтааст.

Ба огаҳии вазорат, ҳайати Узбекистонро раҳбари ин ниҳод Сардор Умурзақов ва намояндагони Толибонро муовини раиси ҳукумати муваққати Афғонистон Абдулғанӣ Бародар раҳбарӣ мекарданд.

"Ҷонибҳо дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои Афғонистону Узбекистон дар бахши сармоягузорӣ, савдо, ҳамлу нақл, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд", - омадааст дар хабари вазорат.

Намояндагони Толибон дар бораи тадбирҳои андешидаашон барои таъмини амният, барқарорсозии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисод, мубориза бо коррупсия дар Афғонистон суҳбат кардаанд.

XS
SM
MD
LG