Ссылки доступа

Раиси порлумони Қазоқистон: Русия барои кӯмак ба мо муроҷиат накардааст


Маулен Ашимбоев, раиси порлумони Қазоқистон гуфт, ки Русия барои кӯмаки низомӣ ба Қазоқистон муроҷиат накардааст.

Рӯзноманигорон аз Ашимбоев пурсиданд, ки агар Русия дархост кунад, оё Қазоқистон ба ҳудуди Украина неру мефиристад.

"Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Русия ба мо муроҷиат накардааст, фикр мекунам, ки муроҷиат нахоҳад кард", - гуфт раиси порлумони Қазоқистон.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард. Ин фармон пас аз он содир шуд, ки чанд соат пеш ҷудоиталабони Украина аз Русия кӯмаки низомӣ хоста буданд. Путин ду рӯз пеш "истиқлолият"-и "Ҷумҳурии халқии Донетск" ва "Ҷумҳурии халқии Луганск"-ро эълон карда буд.

Владимир Зеленский президенти Украина гуфт, ки бо Ҷо Байден бо раиси ҷумҳури Амрико суҳбати телефонӣ доштааст ва афзуд, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст.” Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки дар саросари кишвар вазъи ҷангӣ эълон мекунад ва ба мардум ҳушдор дод, ки “дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд.” Владимир Зеленский афзуд, “тамоми арсаи амният ва дифоии Украина” кор мекунанд ва “мо омодаи ҳама чиз ҳастем.” Украина тамоми қаламрави ҳавоиашро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ баст.

XS
SM
MD
LG