Ссылки доступа

Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон парвозҳо ба Киевро манъ кард


Дар робита ба баста шудани ҳавои Украина барои ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ парвозҳои Тошканд-Киев-Тошканд, ки рӯзҳои 27 феврал - 2 марти соли ҷорӣ дар нақша буданд, бекор шуданд.

Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" хабар медиҳад.

Ба иттилои ширкат, мусофирон метавонанд, маблағи худро пас гиранд ва ё санаи парвозро тағйир диҳанд.

Субҳи 24 феврал ҳавопаймое, ки аз Узбекистон ба Краснодари Русия парвоз мекард, ба далели баста будани фазои вилояти Ростови он кишвар дубора ба Намангони Узбекистоон баргашт.

Дар ҳамин ҳол, намояндагиҳои дипломатии Узбекистон дар Киев хабар доданд, ки нақшаи берунории шаҳрвандони Узбекистонро аз Украина тартиб медиҳанд.

XS
SM
MD
LG