Ссылки доступа

Вазорати тандурустии Қирғизистон иҷозаи фаъолияти 12 донишгоҳи тиббиро бекор мекунад (рӯйхат)


Вазорати тандурустии Қирғизистон иҷозатномаи фаъолияти 12 муассисаи таълимии тиббиро бекор мекунад. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорат хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, баъди тафтиши комисияи махсуси вазорат маълум шудааст, ки муассисаҳои таълимӣ ба стандартҳо посухгӯ нестанд. Ҳамакнун иҷозатномаи фаъолияти Донишгоҳи АДАМ, Донишгоҳи байналхалқии Қирғизистон, Донишкадаи байналхалқии тиббии "Авитсенна", Донишгоҳи байналхалқии тиббӣ, "Роэл Метрополитен Университет", Академияи "АВС", Донишгоҳи тиббӣ ва илмии байналхалқӣ, Донишгоҳи байналхалқии илм ва тиҷорат ва муассисаҳои дигари тиббӣ бекор мешавад.

Пештар мақомоти тиббии Қирғизистон гуфтанд, ки фаъолияти 17 муассисаи таълимии тиббиро манъ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG