Ссылки доступа

Қазоқистон шаҳрвандонашро тариқи Лаҳистон аз Украина бармегардонад


Нахустин ҳавопаймои ширкати "Эйр Астана" барои ба ватан овардани қазоқистониҳое, ки дар пайи ҳамлаҳои Русия аз Украина ба Лаҳистон паноҳ бурдаанд, субҳи 28 феврал ба шаҳри Катовитсаи он кишвар парвоз кард.

Дар ин бора Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон хабар додааст. Ба огаҳии кумита, интизор меравад, 1 марти соли равон низ чунин парвоз анҷом дода шавад.

Сафири Қазоқистон дар Киев Дархан Калетаев 25 феврал гуфта буд, ки нақшаи берун бурдани шаҳрвандони худ аз Украинаро дар шароити баста будани ҳарими ҳавоии он кишвар баррасӣ доранд.

"Фурудгоҳ меҷӯем. Бояд барои фуруд овардани ҳавопаймои ширкати "Эйр Астана" маконеро пайдо кард. Марз бо Белорус баста аст. Роҳ ба Молдова низ, ки аз тариқи Одесса мегузарад, хатарнок аст. Дар онҷо ҷанг аст. Макони амнтар Лвов аст. Аз шаҳрвандон хостем, ба онҷо бираванд. Сипас мехоҳем, онҳоро аз Лвов ба Маҷористон ё Лаҳистон барорем", - изҳор дошта буд дипломати қазоқ.

Нерӯҳои Русия субҳи 24-уми феврал ба Украина ҳамла карданд. Киев бонги хатар зад ва вазъияти ҷангӣ эълон намуд.

XS
SM
MD
LG