Ссылки доступа

Мухолифи 75-солаи узбекро $125 ҷарима карданд


Додгоҳи ноҳияи Мирзоулуғбеки шаҳри Тошканд мухолифи 75-сола Вазира Эгамбердиеваро 1 350 000 сӯм ё 25 доллари амрикоӣ ҷарима кардааст.

Ин мухолиф бар асоси банди "Фароҳам овардани шароит барои гузаронидани ҷамъомад, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ ва намоишҳои бидуни иҷозат"-и Кодекси ҷиноии Узбекистон айбдор дониста шудааст.

Ба гуфтаи раиси созмони маҳаллии ҳуқуқи инсони "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов, мурофиаи додгоҳии Вазира Эгамбердиева ба далели "вазъи эпидемиологӣ" онлайнӣ баргузор гаштааст.

Зидди Эгамбердиева баъди он парванда боз шудааст, ки як гуруҳи фаъолони маданӣ 19 феврал дар манзили ӯ гирди ҳам омада, ҳодисаҳои ахири Қазоқистон ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Узбекистонро баррасӣ кардаанд. Ҳамсояҳои зан гӯиё ба пулис шикоят кардаанд.

Вазира Эгамбердиева дар додгоҳ гуфтааст, пули ҷаримаро бояд президенти Узбекистон пардозад. Зеро ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев қаблан аз минбарҳои баланд гуфта буд, ки ҳизбҳои мухолифи Узбекистон бояд дар дохили кишвар таъсис ёбанд.

XS
SM
MD
LG