Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 9 касро бо гумони истифодаи "усули ғайриқонунии тафтишот" боздошт карданд


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, нуҳ корманди ниҳоди мазкурро шиносоӣ ва боздошт кардааст, ки дар истифодаи усулҳои ғайри қобили қабули тафтишотӣ нисбати боздоштшудаҳо гумонбаранд.

Дар ин бора Серик Шалабоев, як мақомдори додситонии кулли Қазоқистон дар нишасти марбут ба ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 хабар дод.

Ба иттилои Шалабоев, то ин замон дар робита ба шиканҷа ва сӯистифодаи мансаб 203 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар як нишасти хабарӣ рӯзи 16 феврал додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ 363 шикоят оид ба "усулҳои ғайри қобили қабули тафтишот" ва шиканҷаи боздоштшудаҳо ворид гардидааст.

Дар ҳодисаҳои моҳи январ ҳазорон кас дар Қазоқистон боздошт ва садҳо тан бо гумони "терроризм", "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ", "дуздии аслиҳа" ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Бисёрии боздоштшудҳо аз шиканҷа шудан дар мақомоти интизомии он кишвар хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG