Ба иттилои Конашенков, низомиёни Русия 395 тонк ва техникаи зиреҳпӯш, 59 муҷтамаи мушакии Украинаро аз байн бурданд.
Вазорати дифои Украина низ дар навбати худ 1 март гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар 29 ҳавопаймои ҷангӣ, 29 чархбол, 198 тонк, 846 техникаи зиреҳпӯш, 305 мошин, 24 муҷтамаи мушакӣ, 1 муҷтамаи мушакии "БУК", 3 бесарнишин ва 2 киштии Русияро маҳв кардаанд.
Ин ниҳод афзудааст, шумори низомиёни рус, ки дар давоми шаш рӯз кушта ё асир гирифта шудаанд, ба 5710 расидааст. Русия ҳалокати сарбозони худ дар Украинаро тасдиқ кард, вале теъдодашонро ифшо намекунад.