Ссылки доступа

Вазорати дифои Русия гуфт, Херсонро тасарруф карданд


Вазорати дифои Русия эълом кард, ки нерӯҳояш шаҳри Херсони Украинаро тасарруф карданд.

Ҷониби Украина суқути шаҳрро тасдиқ намекунад ва шаҳрдори Херсон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки "мо ҳанӯз Украина ҳастем".

Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Херсони Украина ҳанӯз 24 феврал оғоз шуда буданд ва низомиёни рус як рӯз пас пули стратегиеро, ки шаҳрро бо соҳили чапи кишвар мепайвандад, тасарруф карданд.

Раиси шаҳр Игор Колихаев 1 март хабар дод, ки бинои маъмурият бастааст, вале таҳти назорати мақомоти Украина қарор дорад.

XS
SM
MD
LG