Ссылки доступа

Ғолибони мусобиқаи гуштингирӣ "Наврӯз-2022" байни мардон бо мошин мукофотонида мешаванд


Аз 17 то 22 март дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз–2022 мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш ва сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ байни мардон ва занон барои дарёфти «Ҷоми Пойтахт» баргузор мешавад.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин чорабиниҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 2 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба кураш дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштингирӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт доир мегарданд.

Мусобиқаи паҳлавонӣ миёни мардҳо аз рӯи 5 вазн -60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, +90 кг ва миёни занон аз рӯи 3 вазн -52 кг, -70 кг, -87 кг барпо мегардад.

Ғолибон миёни мардҳо дар ҳар як вазн бо шоҳҷоиза – автомобил қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни занон бо ҷоизаи молӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Дар сабқати мардон барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, дар сабқати занон барандагони медали тилло 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG