Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зидди NEXT TV парвандаи ҷиноӣ боз карданд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нисбати телевизиони NEXT TV бо моддаи "ангехтани бадбинии миллӣ" парванда боз кардааст.

Ба иттилои тафтишот, телевизион "хабари бардурӯғ паҳн мекунад, ки гӯё байни Қирғизистон ва Русия дар бораи кӯмаки низомӣ расонидан дар амалиёти низомӣ дар Украина созиш ҳосил шудааст. Телевизион аз қавли роҳбари пешини хадамоти махсуси Қазоқистон ин хабарро нашр кардааст".

КДАМ гуфтааст, ки ин "боиси ангезиши бадбинии миллӣ мешавад ва хусумат миллиро шакл медиҳад".

Равшан Ҷеенбеков, муассисаи телевизион таъсиси парвандаро беасос номида, гуфт, ки телевизион танҳо бо такя ба манбаъ хабар додааст.

Пештар аз ин Юрий Поита, як корбари Фейсбук бо такя ба роҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Алнур Мусоев навишт, ки "Тоҷикистону Қирғизистон зери фишори Русия розӣ шуданд, ки кӯмаки низомӣ расонанд". Рӯзи 3 март вазири мудофиаи Қирғизистон ин хабарро рад кард.

XS
SM
MD
LG