Ссылки доступа

Садамаи нақлиётӣ дар марзи Украина бо Лаҳистон. Як узбекистонӣ ҷон додааст


Мошине, ки се шаҳрванди Узбекистон мехостанд, бо он Украинаро тарк кунанд, дар наздикии марзи Лаҳистон ба садама дучор шудааст.

Сафири Узбекистон дар Украина Алишер Курманов гуфт, дар дохили мошин шаҳрвандон Отабек Равшанбек уғлӣ Ҳакимов, соли таваллудаш 2001, Беҳзод Ҷамолиддин уғлӣ Хусаинов (2001) ва Шерзод Шавкат уғлӣ Салоҳиддинов (2001) қарор доштанд.

Дар натиҷа Ҳакимов дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расида, боқӣ дар бемористони шаҳрии Лвови Украина бистарӣ ҳастанд.

Сафорат намояндаи гуруҳи ихтиёриёни худ ва табиб Темурбек Юсуповро ба Лвов фиристодааст.

XS
SM
MD
LG