Ссылки доступа

Тазоҳуроти занон дар шаҳри Алмато


Садҳо нафар дар Рӯзи байналмилалии занон дар шаҳри Алмато бо иҷозати мақомот тазоҳуротеро баргузор карданд. Шиори асосии он "Мақоми занҳо дар сиёсат" буд.

Тазоҳурот бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни ҳодисаҳои хунини моҳи январи Қазоқистон, ки ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи онҳо 227 кас ҷон бохтааст, оғоз шуд.

Иштирокдорони ҳамоиш, ки аксари онҳо бонувон буданд, лавҳаҳоеро низ бо шиорҳои зидди хушунати хонаводагӣ дар даст доштанд. Баромадкунандагон гуфтанд, сиёсат дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам барои занҳо дастнорас аст.

Камилла Мюллер, ҳамоҳангсози Хадамоти иттилоотии ҷавонони Қазоқистон ҳангоми суханронияш гуфт, "дар кишвари мо ба мақоми баланд расидани зан дар ҳукумат то ҳол ба мард алоқаманд аст. Дар ҷомеа ҳанӯз ҳам ақидаҳое вуҷуд дорад, ки гӯиё зан бидуни мард ба чизе ноил шуда наметавонад".

Вай бо такя ба арқоми Бюрои омори миллии Қазоқистон гуфт, 50 дарсади кормандони дастгоҳи президенти ин кишвар зан ҳастанд, вале танҳо чаҳоряки онҳо дар вазифаҳои раҳбарӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG