Ссылки доступа

Қурби расмии як доллар дар Тоҷикистон ба 13 сомонӣ расид


Дар Тоҷикистон қурби расмии пули миллӣ дар баробари як доллари амрикоӣ ба 13 сомонӣ расид. Бонки миллӣ рӯзи 9-уми март қурби сад доллари амрикоиро ҳазору сесад сомонӣ муқаррар кард, ки аз рӯзи гузашта 170 сомонӣ зиёд аст.

Ҳамингуна агар як муштарии оддӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллар иваз кунад, барои он 1300 сомонӣ мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон то кунун сабаби болоравии қурби расмии долларро шарҳ надодааст. Дар Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъаларо давоми рӯз шарҳ медиҳанд.

Аммо бо бовари коршиносон, таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар пайи ҳамлаи низомии Маскав ба Украина, сабаби аслии чунин ларзиш дар бозори асъор мебошад. Ба сабаби таҳримҳо бар зидди Русия, дар рӯзҳои гузашта бонкҳои Тоҷикистон фурӯши долларро ба мизоҷон кам карда буданд. Соҳибкороне, ки молу маҳсулотро аз хориҷ меоранд, гуфтанд, дар тиҷораташон мушкил пеш омадааст.

Ҳамзамон рӯзи 9-уми март арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон расман боло рафт ва қимати 1000 рубл бо 99,5 сомонӣ баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта қурби 1000 рубли русӣ муодили 91 сомонӣ буд. То оғози бӯҳрони Украина, 1000 рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 150 сомонӣ мубодила мешуд.

Бори охир қурби расмии доллар дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 тағйир ёфта буд.

Болоравии қурби доллар аз ҳоло мардумро нигарон кардааст, зеро онҳо мегӯянд, акнун ин баҳонае барои боло бурдани нархи маҳсулот мегардад. Камчинии доллару болоравии арзиши он ва ҳамчунин коҳиши қурби рубли русӣ ба кору зиндагии сокинони Тоҷикистон беътаъсир намемонад. Ҳарчанд феълан тағйироти ҷиддӣ дар арзиши молу маҳсулоти ниёзи аввал дида намешавад, таҷрибаи болоравии асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки дар пайи он нархҳо низ гарон мешаванд.

Мутахассисони бахши иқтисод ҳам мегӯянд, болоравии қурбии расмии доллар метавонад ба нархи ҳама маҳсулотҳои воридотӣ таъсир расонад. Зеро боҷи гумрукӣ дар гузаргоҳҳои Тоҷикистон бар асоси қурби муайянкардаи Бонки миллӣ ситонида мешавад.

XS
SM
MD
LG