Ссылки доступа

Неруи барқи неругоҳи атомии Чернобилро қатъ карданд


Ширкати украинии "Энергоатом" хабар дод, ки дар натиҷаи амалиёти ниёзомии Русия хатти баландшиддати неругоҳи атомии Чернобил-Киев аз низоми энержӣ комилан қатъ гардидааст.

Ба илова, неругоҳҳои дигари атомии Украина, ки аз сӯи низомиҳои Русия ғасб шудаанд, аз неруи барқ маҳрум гардидаанд.

"Дар анбори маводи атомии коркардшудаи 1-ум наздики 20 ҳазор бастаи маводи коркардшуда нигаҳдорӣ мешавад. Онҳо ба сардии доимӣ ниёз доранд, ки тавассути барқи доимӣ онро мешавад, таъмин кард. Агар барқ набошад, сардӣ ҳосил намешавад. Дар натиҷа ҳарорат бештар гардида, эҳтимоли берун рехтани маводи радиоактивӣ ба муҳити атроф мавҷуд мешавад. Шамол метавонад, абрҳои радиоактивиро ба минтақаҳои дигари Украина, Белорус, Русия ва Аврупо барад", - омадааст дар хабари ширкат.

Пештар аз ин ҳукумати Украина хабар дода буд, дар неругоҳи атомии Чернобил, ки аз сӯи низомиҳои Русия ғасб шудааст, дар 14 рӯзи охир танҳо як гуруҳи коргарони иборат аз 250, бидуни истироҳат кор мекунанд. Русия иҷоза намедиҳад, ки коргарон иваз шаванд.

XS
SM
MD
LG