Ссылки доступа

Нахустин кумаки башардустонаи расмии Қазоқистон ба Украина


Қазоқистон ба Украина ҳамчун кумаки башардустона 28 тонна доруворӣ фиристодааст. Ин нахустин кумаки башардӯстонаи расмии Қазоқистон ба Украина мебошад.

Ба иттилои сомонаи фурудгоҳи шаҳри Алмато, ҳавопаймои ҳомили кумаки башардӯстона субҳи 14 март ба Украина парвоз кардааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар додааст, ки 15 марти соли равон низ як ҳавопаймои дигар ба Украина кумаки башардӯстона интиқол медиҳад. Вазорат афзуда, ки ин кумакҳо дар посух ба дархости мақомоти Украина расонида мешаванд.

"Ҷониби Қазоқистон барои интиқоли бехатари кумакҳои башардӯстона ба Украина бо ҳамсоякишварҳо ба созиш расидааст", - афзудааст манбаъ.

Пештар президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як суҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмониаш Франк-Валтер Штайнмайер гуфта буд, ки Нурсултон омодааст, ба Украина кумаки башардӯстона кунад.

XS
SM
MD
LG