Ссылки доступа

Ҳаракати автобусҳо миёни Узбекистону Қазоқистон дубора аз сар гирифта мешавад


Вазорати нақлиёти Узбекистон иттилоъ додааст, ки ҳаракати автобусҳо миёни ин кишвар ва Қазоқистон аз 16 март дубора аз сар гирифта мешавад.

Ба огаҳии вазорат, ин ниҳод дар мавриди ҳаракати транзитии автобусҳо ба Қирғизистону Русия тавассути Қазоқистон гуфтугӯ дорад.

Ҳаракати автобусҳо миёни Узбекистон ва Қазоқистон аз 16 марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG