Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон дастур додааст, то равғану шакарро захира кунанд


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар пасманзари гароншавии нархҳо ба мақомоти он кишвар дастур додааст, ки 1 миллион тонна шакар ва 500 ҳазор тонна равғани растанӣ захира кунанд.

Вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон Бообек Ажикеев дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, набояд нигарон шуд, ки маводи ғизоӣ камчин мешавад. Ба гуфтаи ӯ, тоҷирони яклухтфурӯш захираи кофии шакарро доранд.

"Президенти мо баъди якбора гарон шудани шакар, ки нархи як килои он то ба 100 сом расид, дастур доданд, то 1 миллион тонна шакар захира ва як килои он 70-сомӣ фурӯхта шавад. Ҳамчунин мо бо дастури президент 500 ҳазор тонна равғани растанӣ захира карда, як литри онро 130-сомӣ хоҳем фурӯхт", - изҳор доштааст вазири қирғиз.

Вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон афзудааст, ки ҳукумати он кишвар орд, шакар ва равғани растаниро "ба таври бесобиқа" захира кардааст.

XS
SM
MD
LG