Ссылки доступа

Коргари Шабакаи аввали Русияро, ки дар пахши мустақим шиори зидди ҷанг нишон дод, 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд


Марина Овсянникова, коргари телевзиони Шабакаи аввали Русияро 30 ҳазор рубл ҷарима бастанд. Шоми 14 март вай дар пахши мустақими барномаи хабарии "Время" шиори зиддиҷангии "Ҷангро манъ кунед, ба таблиғот дода нашавед, инҷо ба шумо дурӯғ мегӯянд" нишон дод.

Овсянниковаро дар ташкили эътирози ғайриқонунӣ айбдор карданд.

Марина Овсянникова вақте ровии барномаи ахбори Шабакаи аввали Русия дар бораи ҷанги Украина суҳбат мекард, дар даст шиор гирифт ва дар пушти сари ровӣ пайдо шуд. Дар варақе, ки Овсянникова дар даст дошт, навишта шуда буд, ки "Нест бод ҷанг. Ҷангро бас кунед, ба таблиғот бовар накунед, инҷо шуморо фиреб медиҳанд".

Муҳаррири Шабакаи аввали Русия ягона нафаре нест, ки алайҳи ҳамлаи Маскав ба Украина садо баланд мекунад. Аз замони оғози ҳамлаи неруҳои рус дар рӯзи 24-уми феврал, садҳо нафар дар шаҳрҳои Русия муқобили ин ҷанг эътироз карданд.

Мақомоти қудратии рус алайҳи афроди норозӣ аз ҷанг ба тарзи хашин муносибат карда, аксари онҳоро боздошт карданд. Ҳамчунин идораи "Роскомнадзор" дастрасӣ ба бисёр сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кард.

Русия 24 феврали имсол аз замин, ҳаво ва баҳр ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ҳамла кард. Украина ҳамларо "таҷовуз"-и ошкор ба истиқлол ва тамомияти арзии худ медонад. Аз замони оғози ҷанг то кунун садҳо нафар аз ҳар ду ҷониб ба ҳалокат расидаанд. Дар миёни қурбониён занон, кӯдакон ва пиронсолон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG