Ссылки доступа

Тоқаев дар бораи қонуни тазоҳурот: "Дигар сабукӣ дода намешавад"


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 16 март дар паёми навбатияш ба мардуми он кишвар гуфт, барои шаҳрвандон дар амалӣ шудани ҳуқуқҳояшон ба озодии баён дигар "ҳеч гуна сабукии нав" дода намешавад.

Тоқаев қонун дар бораи "ҷамъомадҳои осоишта"-и Қазоқистонро, ки соли 2020 сарфи назар аз танқиди фаъолон ва нигаронии созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ қабул шуд, "демократӣ" номид.

"Дигар сабукӣ дода намешавад. Ин қонун ҳам бояд ба монанди қонунҳои дигар қатъиян риоя шавад. Шаҳрвандони мо аллакай барои ингуна бемасъулиятӣ баҳои баланд пардохт кардаанд", - афзуд вай.

Қазоқистон соли 2020 қонуни нав дар бораи "ҷамъомадҳои осоишта"-ро қабул кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони мадании Қазоқистон ин қонунро танқид карда, гуфта буданд, ки он ба монанди қонуни пешин озодии сокинон ба ҳамоишҳои осоиштаро маҳдуд менамояд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз мақомоти Қазоқистон даъват карда буд, ки қабули лоиҳаи қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро ба таъхир гузоранд.

XS
SM
MD
LG