Ссылки доступа

Марги як духтари наврас дар "маршировка". Наздиконаш гуфтанд, бемор буд


Як хонандаи синфи ҳаштум дар шаҳри Бохтар, ки ба қавли наздиконаш чанд рӯзи охир дар "маршировка" ё омодагӣ ба чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок дошт, аз бемории шушу таби баланд даргузаштааст.

Пайвандонаш гуфтанд, Шаҳноза Сафарова "мушкили шуш дошт" ва рӯзи 14-уми март аз таби баланд шикоят карда, 15-уми март дар бемористон ҷон дод. Дар мактаби рақами понздаҳи шаҳри Бохтар иштироки духтарро дар "маршировка" тасдиқ карданд, вале гуфтанд, дар бораи бемории ӯ ҳеч иттилоъ надоштанд.

Ин шабу рӯз дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон омодагӣ ба ҷашни имсолаи Наврӯз ҷараён дорад. Сафари раисҷумҳур ба минтақа низ дар назар аст.

Барои иштирок дар чорабинӣ хонандагони мактаб ҷалб шудаанд. Шаҳноза Сафарова ва ҳамсинфонаш дар ин қатор буданд.

Ҳайдаралӣ Сафаров, амаки Шаҳноза Сафарова, рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шуши бародарзодааш мушкил дошт ва чанд рӯзи охир таб мекард.

"Беаҳамиятӣ кардем. Ҳамон рӯз дар мактаб аҳволаш бад шудааст. Ба бемористон бурдем. Табибон 10-12 соат кӯшиш карданд, вале наҷот дода натавонистанд. Шушҳояш об гирифта будаанд," – нақл кард ӯ.

Маъмурияти мактаби рақами 15 дар шаҳри Бохтар ширкати ӯро дар "маршировка" тасдиқ карда, вале гуфтанд, "ӯ баъди бозгашт аз тамрин ҷон додааст ва онҳо дар бораи бад будани саломатияш маълумот надоштанд."

Ҳар сол дар Тоҷикистон барои баргузории ҷашнҳое ба монанди Наврӯз, рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлол, қабули Қонуни асосӣ, Рӯзи артиш ва ғайра даҳҳо ҳазор донишҷӯ ва шогирдони мактабҳову омӯзишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.

Маъмулан онҳо зери офтобу борон саҳнаҳои таҳияшударо тамрин мекунанд. Дар гузашта аз ҳолатҳои зиёди бемориву аз ҳуш рафтани донишҷӯён ҳангоми машқҳои дастҷамъона гузориш шуда буд. Мақомот ин хабарҳоро тасдиқ намекунанд.

Мунтақидон "маршировка"-ро аз таҷрибаҳои бозмонда аз Шӯравӣ медонанд ва мегӯянд, бояд аз он даст кашид. Баъзе аз волидон ҳам аз он шикоят доранд, ки бештари вақти фарзандонашон сарфи маршировкаҳо шуда, ба сатҳи таълими онҳо халал мерасонад.

Аммо вазири пешини маориф ва илм баҳсҳои атрофи ин мавзуъро "як чизи хасакӣ" номида, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон "хости ҷавонон" ва "маҳалли шиносоии ошиқон" хонда буд.

XS
SM
MD
LG