Ссылки доступа

Фаъоли қазоқистонӣ, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январ боздошт шуда буд, ба ҳабси хонагӣ ирсол шуд


Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Куат Шомуродовро, ки дар "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар аст, аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ ирсол кард. Қарори додгоҳ рӯзи 19 март содир шуд.

Бино ба қарори додгоҳ, Шомуродов ду моҳи оянда дар ҳабси хонагӣ мемонад.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, моддаи "ташкили бетартибиҳои оммавӣ"-ро дар парвандаи Шомуродов ба моддаи "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ" иваз кардаанд.

Хешовандони Шомуродов пештар борҳо ба мақомоти додситонӣ муроҷиат ва аз айбҳои нисбати вай эъломшуда изҳори норизоӣ карда буданд.

Куат Шомуродови 44-сола дар гузашта дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият кардааст. Айни замон вай соҳибкор ва фаъоли шаҳрвандӣ аст.

Баъди ҳаводиси моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Оқтеппа 12 касро ба ҳабс гирифтанд. Наздики даҳ тани дигар аз сокинони Оқтеппа дар ҳабси хонагӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG