Ссылки доступа

Президенти Узбекистон 75 маҳбусро ба муносибати Наврӯз авф кард


Шавкати Мирзиёев, президенти Узбекистон дар остонаи Наврӯз фармони афви маҳбусонеро имзо кард, ки аз содир кардани ҷиноят самимона пушаймон ва ислоҳ шудаанд.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, аз теъдоди 74 маҳбуси афвшуда 4 тан комилан, 53 тан шартан афв ва ҷазои 2 тани дигар сабук гардонида шудааст. Ба илова, муҳлати ҳабси 16 тани дигар кам гардидааст.

Миёни афвшудаҳо 18 шаҳрванди хориҷӣ, 17 зан, 15 марди аз 60-сола боло, 6 фарди маъюб ва 9 тане ҳастанд, ки дар созмонҳои мамнуъ шомил буданд.

Пештар аз ин, рӯзи 31 январ дар Узбекистон 63 маҳбуси дигар афв шуда буд.

XS
SM
MD
LG