Ссылки доступа

Гумруки Русия иҷборан фаровардани бори мошинҳои ронандаҳои қирғизистониро рад кард


Хадамоти федеролии гумруки Русия иттилоъ дар бораи иҷборан фаровардани бори мошинҳои боркаши ронандагони қирғизистониро дар марзи Русия бо Қазоқистон рад кард.

Ҷониби Русия гуфтааст, дар холӣ кардани бори мошинҳо мақомоти гумрук даст надоранд. "Айни замон нисбати воридоти маҳсулоти кишоварзии Қирғизистон ба Русия "долони сабз" амал мекунад", - хабар додаанд аз мақомоти гумруки Русия.

Ин дар ҳолест, ки пештар расонаҳо навиштанд, кормандони гумрики Русия ронандагони мошинҳои боркаши қирғизистониро маҷбур мекунанд, бори мошинашонро дар Русия холӣ кунанд.

Дар сурати иҷро накардани ин амр ба онҳо иҷозаи убури марзи Русия дода намешавад. Дар ин бора ронандагони мошинҳои боркаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

"Ҳамаро маҷбур мекунанд, ки борро холӣ кунем. Ба мо интихоби дигар намедиҳанд - ё борро холӣ мекунӣ, ё бармегардӣ. Борро холӣ мекунем ва нозир омада ҳамаи онро ба навор мегирад", - нақл мекунанд ронандагон.

Сафорати Қирғизистон дар Русия холӣ кардани бори мошинҳои боркаши қирғизистониҳоро тасдиқ кард.

Қирғизистон шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, ки ин созмон гардиши озодонаи молро дар ҳудуди иттиҳод кафолат медиҳад. Дар амал Русия нисбати шариконаш дар доираи иттиҳод чораҳо маҳдудкунанда меандешад.

XS
SM
MD
LG