Ссылки доступа

Вазнбардори қазоқистонӣ Ниҷат Раҳимов аз медали тилои Бозиҳои Рио маҳрум шуд


Вазнбардори қазоқистонӣ Ниҷат Раҳимов аз медали тилои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар соли 2016 ва аз иштирок дар бозиҳо барои ҳашт сол маҳрум шуд. Ӯро дар вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг айбдор карданд.

Додгоҳи ҳакамии варзиш рӯзи 22 март хабар дод, ки бахши зиддидопингии додгоҳ шикояти Федератсияи байналхалқии варзиши вазнинро аз 29 апрели соли 2021 нисбати Раҳимов қонеъ кард. "Муайян шуд, ки Раҳимов усулҳои мамнуъро истифода мебурдааст", - хабар дод додгоҳи ҳакамӣ.

Раҳимов шуруъ аз 18 январи соли 2021 барои 8 сол аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум шудааст.

Ин варзишкори 28-сола дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон таваллуд шудааст. Вай борҳо Озарбойҷонро дар мусобиқаҳои байналхалқӣ муаррифӣ кардааст. Соли 2014 Раҳимов шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кард. Дар бозиҳои соли 2016 аз номи Қазоқистон баромад карда буд.

XS
SM
MD
LG