Ссылки доступа

Тазоҳуроти ниёзмандони гемодиализ дар Бишкек


Ҳудуди 50 шаҳрванди Қирғизистон, ки ба гемодиализ ниёз доранд, 23 март дар назди қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд.

Онҳо аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ҳаҷми пуле, ки клиникаҳои шахсӣ барои гемодиализ дарёфт мекунанд, афзоиш дода шавад ва ҳамчунин миёни клиникаҳо барои ироаи хидматрасонии гемодиализ озмун эълом карда нашавад.

"Мо бояд интихоб дошта бошем, ки дар кадом клиника гемодиализ дарёфт кунем. Мо гемодиализро дар клиникаҳои шахсӣ дарёфт мекунем. Қурби доллар ва евро боло меравад ва бинобар ин, бо пули ҷудошуда маводи заруриро харидорӣ карда намешавад", - изҳор дошт яке аз тазоҳургарон бо номи Айнара Какиева.

Дар Қирғизистон барои шаҳрвандони ниёзманд ба гемодиализ аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад ва Вазорати тандурустии он кишвар бо ин пул доруҳои заруриро харидорӣ мекунад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо тазоҳургарон мулоқот кард. Онҳо изҳори норозигӣ карданд, ки дар лоиҳаи нави қонуни хариди давлатии Қирғизистон гемодиализ ба назар гирифта нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир 1700 шаҳрванди Қирғизистон ба гемодиализ ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG