Ссылки доступа

НАТО кумак ба Украинаро идома медиҳад, вале нерӯ намефиристад


Раҳбарони кишварҳои НАТО рӯзи панҷшанбе дар саммити Брюссел ба созиш расиданд, ки амнияти кишварҳои узви эътилофро дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ тақвият хоҳанд бахшид.

Аз ҷумла, дар Руминия, Булғористон, Маҷористон ва Словакия гуруҳҳои нави ҳарбии НАТО ҷойгир карда мешавад.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг баъди саммит дар нишасти хабарӣ гуфт, эътилоф дастгирии Украина, бахусус интиқоли силоҳ ва таҷҳизотро ба он кишвар идома медиҳад. Ӯ ҳамчунин Русияро аз оқибатҳои истифодаи эҳтимолии силоҳи ҳастаӣ ва ё ҳамагуна силоҳи қатли ом ҳушдор дод.

Столтенберг афзуд, ки кишварҳои узв ҳамоно зидди идома ёфтани ташаннуҷи авзоъ мебошанд ва бинобар ин, ба Украина нерӯ намефиристанд ё минтақаи мамнуулпарвоз эълом намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор нерӯҳои Русия ва НАТО-ро дар рӯёрӯии мустақим қарор медиҳад. Пештар Лаҳистон пешниҳод кард, ки ба Украина маъмурияти хушкигард фиристода шавад, вале ин масъала баррасӣ нашуд.

Президенти Украина Владимир Зеленский 16-уми март дар Конгресси Амрико дархост карда буд, ки фазои кишварашро минтақаи мамнуъулпарвоз эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG