Ссылки доступа

Дар Узбекистон нархи шакару равған гарон шудааст


Ҳукумати Русия аз 14 марти соли равон содироти гандум ва шакарро ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ кард.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Тошканд, дар пайи ин қарори ҳукумати Русия нархи шакар дар бозорҳои Узбекистон то ба 50 дарсад гарон шудааст.

"Дирӯз як кило шакарро дар бозори Қарақамиш 15 ҳазор сӯм фурӯхтанд. Дар ҳоле ки даҳ рӯз пеш он 9 ҳазор сӯм буд. Нархи шакар ҳар сол дар тобистон боло мерафт ва сипас дубора арзон мешуд. Равғани растанӣ низ гарон шудааст. Қаблан як зарфи панҷлитрии равғани растанӣ, ки аз Русия ворид мешуд, 90 ҳазор сӯм буд, ҳоло он 120 ҳазор сӯм шудааст", - изҳор дошт сокини Тошканд Абдураззоқ Содиқов.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 23 март дар як ҷаласа ба девони вазирони он кишвар дастур дод, ки устувории нархҳоро дар бозори дохилӣ таъмин кунанд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев дастур додааст, ки талаботи сокинон аз роҳи муътадил нигаҳ доштани нархҳо дар бозори дохилӣ ва кумак ба воридкунандагони орд, шакар, равғани растанӣ ва маҳсулоти дигари ғизоӣ таъмин карда шавад.

XS
SM
MD
LG