Ссылки доступа

Харҷ агар аз ҷайби соҳибкор бувад...Издивоҷи 35 ҷуфт ва хатнаи 230 кӯдак дар Кӯлоб


Дар Кӯлоб маросими издивоҷи расмии 35 ҷуфт ва хатнаи 230 кӯдакро дар базмгоҳи наврӯзӣ баргузор карданд.

Дар Тоҷикистон чанд соли ахир расм шудааст, ки дар Наврӯз ба навхонадорон ва кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат кумак мекунанд.

Харҷи маросими издивоҷи ҷавонон ва хатнаи ноболиғон бо кумаки соҳибкорони маҳаллӣ сурат гирифт. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ҳамаи онҳо аз хонаводаҳои нодор буданд.

Марям Саймӯъминзода, мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кӯлоб гуфт, ки “ба 35 ҷуфти навхонадорон ҷиҳозӣ арӯсӣ ва шаҳодатномаи ройгони никоҳ дода шуд.”

Шаҳрдорӣ ин домоду арӯсон ва кудаконро бо пешниҳоди Шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ рӯйхат кардааст.

Ҳарчанд мақомот инро хидмати худ медонанд, вале харҷаш аз кисаи соҳибкорон аст. Дар гузашта бархе соҳибкорон шикоят карда буданд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, то дар чунин маъракаҳо саҳм бигиранд.

Дар Наврӯзгоҳи Кӯлоб ду соли ахир бинобар паҳншавии КОВИД-19 ҷашни Наврӯзро таҷлил накарда буданд ва имсол онро бошукуҳтар ҷашн гирифтанд.

XS
SM
MD
LG