Ссылки доступа

Вакили дифои қирғиз Нурбек Токтакунов ҳабс шуд


Ҳуқуқшинос Нурбек Токтакунов, ки субҳи 25 март аз сӯи маъмурони таъйиноти махсуси Қирғизистон дар шаҳри Бишкек дастгир гашта буд, 5 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Дар иттилоияи додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек омадааст, ки 17 март 7-8 нафар дар назди сафорати Русия дар Қирғизистон тазоҳурот карданд. Дар миёни онҳо Нурбек Токтакунов низ буд.

"Номбурда нисбат ба намояндагони мақомоти додгоҳӣ суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро таҳқир кард. Бинобар ин, нисбаташ бо банди "майдаавбошӣ" санади маъмурӣ тартиб дода шуд", - афзудааст манбаъ.

Вакили дифои ӯ Бактибек Автандил ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дода, ки маъмурони таъйиноти махсуси Қирғизистон субҳи 25 март Токтакуновро дар манзили зисташ боздошт карда, бо худ бурдаанд.

Чанде пеш Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон Токтакуновро ба "майдаавбошӣ" айбдор ва 5 рӯз ҳабси маъмурӣ карда буд. Вале вакили дифоъро дертар озод карданд.

Парванда зидди Токтакунов баъди суханҳои интиқодияш ҳангоми ҳимоят аз ҳомиёни ҳуқуқи дастгиршуда боз гашта буд. Се ҳомии ҳуқуқи қирғиз - Динора Ошурахунова, Азиза Абдирасулова ва Ондуруша Токтоносирова баъди тазоҳурот ба ҷонибдорӣ аз Украина дар "нофармонии мақомоти ҳомии ҳуқуқ" ва "майдаавбошӣ" айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG