Ин сафар бо даъвати президенти Узбекистон анҷом мешавад.
"Дар доираи сафари мазкур президенти Туркия дар ҷаласаи дувуми Шӯрои шарикии стратегии Узбекистону Туркия ширкат мекунад", - хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Узбекистон.
Дар ин сафар ҳамчунин амалисозии тарҳҳои тиҷориву сармоягузории ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.