Ссылки доступа

Толибон гуфтааст, мардону занон дар рӯзҳои ҷудогона ба боғҳо раванд


Гуруҳи Толибон дар Афғонистон қарор кардааст, ки занон ва мардон дар ин кишвар дар рӯзҳои ҷудогона ба боғҳои фароғатӣ бираванд.

"Бонувон метавонанд рӯзҳои якшанбе, душанбе, сешанбе ва мардон рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ба боғҳои фароғатию маконҳои истироҳатӣ бираванд", - иқтибос овардааст Хабаргузории афғонии "Aamaj News" аз қарори яке аз вазоратҳои ҳукумати Толибон.

Гуфта шудааст, ки бонувони афғон метавонанд бо риояи "пӯшидани ҳиҷоб" - пӯшондани сар, гардан ва мӯйҳо ба боғҳои фароғатӣ бираванд. Ҳамчунин онҳо бояд аз суҳбат бо бегонаҳо худдорӣ кунанд.

Дар қарор ба мардон тавсия шудааст, ки ҳангоми рафтан ба маконҳои фароғатӣ дар рӯзҳои истироҳат либоси низомӣ напӯшанд ва бо худ силоҳ нагиранд. Дар сурати риоя нашудани ин талабот маъмурияти боғҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG