Ссылки доступа

Узбекистон беш аз 2 млн моя ваксинаи "Moderna" дарёфт кард


Узбекистон 28 март дар доираи барномаи "СOVAX" 2 108 400 моя ваксинаи зидди коронавирус - "Moderna"-ро дарёфт кардааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, дар давоми моҳи равон ин бори дувум аст, ки ба он кишвар ваксинаи "Moderna" интиқол меёбад. Бори нахуст 9 март 2 257 600 моя ваксина интиқол дода шуда буд.

Бино ба омори расмӣ, то ба имрӯз дар Узбекистон 63 миллиону 578 ҳазору 553 моя ваксинаи зидди коронавирус истифода шудааст.

Эмкунии шаҳрвандони Узбекистон зидди коронавируси нав дар моҳи апрели соли гузашта оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG